No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо раис ва муовинони раиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

IMG 2365Дар толори хурди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо раис ва муовини раисони кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба соҳаи замин баррасӣ гардиданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ вобаста ба мақсади вохӯрӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи асосии мулоқот боз ҳам пурзур намудани фаъолият дар самти назорати истифодаи мақсадноки замин ва саривақт бартараф намудани қонуншиканиҳо мебошад.

Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид намуд, ки раис ва муовини раисони кумитаҳои идораи замин вазифадор ҳастанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 26 декбари соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, сармашқи кори худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани маданияти заминистифодабарӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва холимонда тамоми чораҳои заруриро андешанд ва аз натиҷаи он мунтазам ба Кумитаи давлатӣ ахборот манзур намоянд.

IMG 2368Дар баробари ин кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ вазифдор гардиданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кориашон дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифз замин ва фаъолияти молиявӣ то ҳисоботи семоҳа бартараф намуда, корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Зикр гардид, ки ҳолатҳои ошкор, чораандешӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои замин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар дар самти назорати давлатии замин ва тибқи 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки баррасии онҳо ба зиммаи мақоми ваколатдорӣ давлатии ба танзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин вогузор гардидааст, корбарӣ бояд боз ҳам ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд.

Илова бар ин дастур дода шуд, ки нисбат ба пуррагӣ ворид намудани маблағҳои ҷаримабандӣ ба суратҳисоби махсус тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Дар ҷараёни баррасии масаъалҳои ба рӯзномаи ҷаласа пешниҳодшуда Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раисони кумитаҳои замини шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва назорати қатъии истифодаи самаранок, оқилона ва мақсадноки замин дастурҳои мушаххас дод.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/