Баргузории нишасти матбуотии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

http://www.zoofirma.ru/


IMG 2230Дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи кормандони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуда, ба саволҳои рӯзноманигоро посух дод.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар соли сипаригашта баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда ва азхудкунии заминҳои нав як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар соли 2019-ум 8 ҳазору 200 гектар заминҳои холимонда ва партов, аз ҷумла 6 ҳазор гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, айни замон дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз майдони умумии ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 5 ҳазору 223 гектараш заминҳои партов мебошад, ки камшавии он нисбат ба соли 2018-ум 4 баробар зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки масоҳати заминҳои партов сол ба сол кам гардида, танҳо дар 5 соли охир 9 ҳазор гектари он ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.  

Ҳамчунин Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ қайд намуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 55 гектар заминҳои партов, аз он обӣ 18 ҳазору 658 гектар боқӣ мондааст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи давлатӣ то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.

Дар баробари ин таъкид шуд, ки дар соли сипаригашта 468 гектар заминҳои нав азхуд карда шудааст, ки аз он 410 гектараш обӣ мебошад.

IMG 2197Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар соли 2019 майдони умумии заминҳои корам дар маҷмуъ 4 ҳазору 864 гектар, аз он корами обӣ 4 ҳазору 300 гектар ва майдони дарахтони бисёрсола 2 ҳазору 64 гектар, аз ҷумла 1 ҳазору 67 гектар обӣ зиёд гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатӣ изҳор дошт, ки  назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, дар натиҷаи ҳамкории судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2019 муяссар гардид, ки қонуншиканиҳо вобаста ба истифодаи замин 1 ҳазору 34 адад кам карда шавад.

Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ назорати риояи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Фархор, Ш.Шоҳин  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бустон, ноҳияи Ашт, Мастчоҳи вилояти Суѓд, шаҳри Хоруѓ, ноҳияи Шуѓнони ВМКБ, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Шаҳринав гузаронида шуд.

Натиҷаи корҳои назоратӣ бо мақсади бартараф  намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин бо иштироки муҳандис-заминсозон, раисони шаҳраку деҳот, шуъбаи  меъморӣ, хоҷагидорон ва дигар шахсони масъул аз тарафи роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияи  Ашт ва ноҳияи Ш.Шоҳин баррасӣ гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин шахсони масъул вазифадор гариданд.

IMG 2184Дар ин замина Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ махсус таъкид намуд, ки таъсиси Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин дар сохтори Прократураи генералӣ ва санҷишҳои якҷоя имкон дод, ки ҷиҳати сари вақт пешгирӣ ва ошкор намудани вайронкунии қонунгузории замин мусоидат карда шавад.

Танҳо соли 2019 кумитаи давлатӣ бо дархости мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 585 маротиба, аз ҷумла мақомоти прокуратура 201 маротиба ҷараёни риояи қонунгузории заминро мавриди санҷиш қарор доданд, ки чунин ҳамкориҳо ба кам шудани қонуншиканиҳо такон бахшид.

Дар идомаи сухаронии худ Раиси Кумиати давлатӣ изҳор дошт, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли сипаригардида бинои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияи Данѓара, Ваҳдат, Деваштич ва Муъминобод ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Хуҷанд ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Инчунин дар соли сипаригашта дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ дар масоҳати 1,75 гектар гулгашт аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва ҳамаи зерсохторҳои он таъмиру тармим ва навсозӣ карда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Баъдан намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Раиси Кумиати давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ муроҷиат намуда, ба суолҳои худ посух гирифтанд.

IMG 2221

IMG 2215