Боздиди раиси Кумитаи давлатӣ аз факултаи идораи замин ва геодезияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

IMG 1996Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо мақсади шиносоии наздик аз ҷараёни таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳаи заминсозӣ аз факултаи идораи замин ва геодезияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, моҳи сентябри соли 2019 таъсис ёфта буд, ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни боздиди Раиси Кумитаи давлатӣ иттилоъ дода шуд, ки факулати идораи замин ва геодезия яке аз факултетҳои навтаъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, аз ҷумла дар кафедраи заминсозии факултаи мазкур дорои пойгоҳи мустаҳками замонавӣ буда, аз 4 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, озмоишгоҳҳои геоинформатика, харитасозии рақамӣ, иттилооти геодезӣ, толори инноватсионӣ ва асбобҳои ҳозиразамони геодезӣ иборат мебошад.

Барои босифат ва пурсамар гузаронидани дарсҳо ва амалияҳои таълимӣ омӯзгорон аз воситаҳои таълимию техникӣ, аз ҷумла аз асбобҳои гуногуни геодезӣ, ки номгӯи онҳо зиёда аз 60 ададро дарбар мегирад, пурра истифода мебаранд.

Аз рӯзи ташкилёбиаш кафедраи заминсозӣ бо донишгоҳҳои Москва (ГУЗ), Тошканд (ТИИИМСХ), Селиноград (Остона ССХИ) ва ғайраҳо алоқаи ҳамешагӣ дорад.

Вобаста ба талаботи замон ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ талабот ба мутахассисони баландихтисос пайдо гашт, ки заминистифодабарандагон барои гузаронидани семинарҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва дигар намуди омӯзишҳо эҳтиёҷ доранд.

Зикр шуд, ки айни ҳоли факултаи номбурда бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”, Институти лоиҳакашии тадқиқотии “ФАЗО”, Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ва Корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” зиёда аз 25 шартнома бастааст.

Айни замон дар ихтисосҳои заминсозӣ ва геодезия 655 нафар, дар   шуъбаи рӯзона 397 нафар ва таҳсили ғоибона 258 нафар аз ҷумла 17-нафар духтар таҳсил менамоянд.

Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни боздид аз факултаи мазкур бо устодони факултаи мазкур суҳбату озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо барои таълиму тарбияи кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ изҳори сипос баён намуда, барои боз ҳам баланд намудани сифати таълиму тарбия ба факултаи идораи замин ва геодезии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маҷмӯъи мизу курсиҳои корӣ ва ҷевон, инчунин компютер тақдим карда шуд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки дар доираи имконияти мавҷуда барои боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддию техникии факултаи идораи замин ва геодезии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мусоидат карда хоҳад шуд.

IMG 2017

IMG 2011

IMG 2000