No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 январи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор шуда, дар он натиҷаи фаъолияти дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин дар маҳаллҳо ва корҳонаҳои зертобеъ дар соли 2019 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2020 муайян шуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамаи 7 нафар аъзоёни ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Азимзода Алимардон иштирок намуданд.

IMG 1862Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар оғози ҷаласа, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ – сардори Сарраёсати кадастри замин Мирзо Назарро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2019, таҳти №579 узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ шудааст, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара иборат аз се масъала тасдиқ гардид:

1. Дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои зертобеъ ва мақомоти он дар маҳалҳо дар соли 2019 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Кумитаи давлатӣ;

3. Оид ба тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руйи гуруҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара муовини Раиси Кумитати давлатӣ Абдуллозода Зикриё ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки майдони умумии заминҳои корам нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 4864 гектар ва майдони заминҳои корами обӣ 4300 гектар зиёд шудааст.

Дар баробари ин майдони заминҳои партов 5223 гектар, аз ҷумла обӣ 4082 гектар кам карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳаллҳо 13824 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани оҳо 13824 дастур дода шуда, нисбати 12128 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааост.

Баъдан Раиси Кумитаи давлатӣ аз раисони Кумитаи идораи замини вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои кишвар, роҳбарони корхонаҳои зетобеъ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба ҳамаи масъулин супоришҳои катъӣ дод.

Дар ҷараёни баррасии масъала бо қарори ҳайати мушовара барои роҳ додан ба камбудиҳо зимни фаъолияти корӣ якчанд раисон ва муовинони раис, инчунин сармутахассис ва мутахассисони пешбари кумитаи идораи замин дар маҳаллҳо аз вазифаи ишғолнамудашон сабукдӯш гардида, раисони кумитаи ду шаҳру ноҳия ротатсия гардиданд.

Зимни баррассии масъалаи якум ҳамчунин, бо қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ ба якчанд нафар роҳбарони аввали мақомоти маҳаллии кумитаҳои идораи замин муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара – оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Кумитаи давлатӣ муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода Садриддин Хол ҳисобот дод.

Масъалаи мазкур низ аз ҷониби ҳайати мушовара баррасӣ гардида, оид ба боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт қарори дахлдор қабул гардид.

Дар бораи тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руйи гуруҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 гузориши сардори Сарраёсати кадастри замин Мирзо Назар шунида шуда, оид ба ин масъала қарори дахлдори ҳайати мушовара қабул гардид.

Сипас, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимардон Азимзода баромад намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии қонунвайронкуниҳо, инчунин истифодаи самараноку мақсадноки замин тавсияҳо дод.

Дар охири ҷаласа Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое, ки баргузор шуда истодааст, ки чанд рӯз қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат зимни баррасии ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла махсус қайд намуданд, ки “моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем”.

Бинобар ин моро зарур аст, Паёми Пешвои муаззими миллатро сармашқи кори худ қарор дода, аз комёбиҳои меҳнатӣ қаноатманд нашуда, баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, назорати истифодаи самараноки замин, пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо чораҳои иловагӣ ва таъхирнопазирро амалӣ намоем.

Хамин тариқ бо вазифагузориҳои Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.

IMG 18711871

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/