No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав

IMG 1875

Ба муносибати соли нави мелодии 2020 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави иҷрои дастуру супоршҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи анъана барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, ки дар ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст дастурхона идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Дар чорабинии идона, ки ба ин муносибат ташкил карда шуд, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин иштирок намуда, таҳсилгирандагони мактаб-интернати мазкурро бо соли нави мелодӣ муборакбод намуданд.

Аз ҷумла, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2005 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор намуда буданд, ки «шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Ин аст, ки ҳар як кӯдаки бо амри тақдир аз меҳру падару модар маҳрум шудаанд, таҳти таваҷҷуҳи шахси Пешвои миллат қарор дошта, туфайли ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат онҳо ҳамчун насли шоиста ба воя мерасанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ низ дар оянда муҳандисону омӯзгорон, заминсозу кишоварзон, табибону ходимони фарҳанг ва ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, ифтихори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон мегарданд.

Баъдан ба тартбиятгирандагони ин муассисаи таълими армуғонҳои идона тақдим карда шуда, барои болидахотирии онҳо намоиши фарҳангӣ пешкаш карда шуд.


IMG 1790

IMG 1801

IMG 1806

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/