No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди бинои нав барои заминсозон

Ободкориҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо суръат ва сифати баланд идома доранд.

Чанде қабл дар доираи ҳамин тадбирҳои ободкорї дар назди бинои КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бинои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва вазъи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхона бо харљи 324 ҳазору 667 сомонӣ бунёд шуда, дар он барои кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои мазкур аз ду ҳуҷраи корӣ - 1 ҳуҷра барои муроҷиати шаҳрвандон, як ҳуҷра барои бақайдгирандагон иборат буда, инчунин таҳхона барои бойгонии корхона истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар бойгонии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Кӯшониён 29 ҳазор санад мавҷуд аст.

Дар маросими ба истифода додани бинои иловагӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф, муовини раиси вилояти Хатлон, намояндагони роҳбарияти ноҳия ва кумитаи идораи замини ин ноҳия иштирок намуданд.

Акнун дар утоқҳои хушсохти замонавӣ кормандону мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо таҷҳизоти муосири аэрогеодезӣ фаъолият хоҳанд кард.

IMG 0133

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/