Се нафар корманди Кумитаи давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуданд
- Сешанбе, Ноябр, 12 2019
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба синни нафақа расидани се нафар кормандони Кумитаи давлатӣ ва маросими ботантанаи гусел онҳо ба нафақа доир гардид.
Нахуст Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, маҳз туфайли таҷрибаи бойи корӣ ва фаъолияти пурсамари сардори шӯъбаи корҳои топографӣ, геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозии Кумитаи давлатӣ Эгамбердӣ Холмуродов, директори Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатӣ Мирзо Саидов ва мутахассиси пешбари Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Кумитаи давлатӣ Ҷамила Ҳакимова барои пешрафти кор саҳми назаррас гузоштаанд.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи кории онҳо минбаъд низ истифода шуда, барои пешрафти кори Кумитаи давлатӣ аз онҳо маслиҳатҳо гирифта хоҳад шуд.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатӣ ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.