No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва КДФ «Молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Муъминобод

IMG 7696

Бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, ки бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, шароити мусоиди кориро барои кормандони ин ниҳод фароҳам сохт.

Бинои мазкур аз ду ошиёна иборат буда, бо харҷи беш аз 600 ҳазор сомонӣ дар зарфи 11 моҳ бо сифати баланд сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Мӯъминобод ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуданд.

Тавре таъкид шуд ҷиҳати самаранок истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳконӣ дар ноҳияи Мӯъминобод тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, Кумитаи идораи замин дар самти қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода кардани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дурр мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои корам низ талош ба харҷ медиҳад.

Дар бинои нав 10 утоқи кори муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, 1 маҷлисгоҳ ва утоқи бақайдгирии давлатӣ мавҷуд буда, вазъи хизматраосниро ба аҳолӣ беҳтар намудааст.

Акнун кормандони ин ниҳоди давлатӣ метавонанд бемушкилӣ пай кору фаъолият шаванд.

IMG 7779

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/