No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”

06.07.2018, Қазоқистон

29360952658 7f05a317e6 o6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.

Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати 20 - умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахт ва ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” табрик гуфта, ба давлат ва халқи ин кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд.

Ташкили Маркази байналмилалии молиявӣ дар Остона, қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси Марказ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа, муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун як инфрасохтори муҳимму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад.

president.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/