Таъйиноти кадрӣ
08.01.2018, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Ҳукумати мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъйин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018 №989 Ҳакимзода Қурбон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.