Ба истифода додани Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой
дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд
16.11.2017 10:55, шаҳри Истиқлол
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.
Дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма ба фаъолияти калонтарин корхонаи металлургӣ, ки дар марҳилаи аввал истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди коркарди маъдан ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Хитой ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой" ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Пас аз он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии
таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
president.tj