Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ
07.11.2017, шаҳри Душанбе
6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ” Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ сазовор донистанд ва имрӯз бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи Асосгузори адабиёти муосири точик ин ҷо қарор дорад, руҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун амалӣ гардидааст. Якчанд хиёбону кӯчаҳо ва муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтааст. Калонтарин Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтааст.
Акнун Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ба як мавзеъи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт. Имкон аст, ки минбаъд дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.
Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат дар ин марказ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи муосири устод Айнӣ бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир карданд.
www.safina.tj