Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Қубодиён
01.11.2017, ноҳияи Қубодиён
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бунёд гардидани иншооти мазкур, агар аз як ҷониб боиси боз ҳам ободу зебо шудани як гӯшаи ноҳия гардад, аз ҷониби дигар кормандони Кумитаи идораи замин аз ҳарвақта дида бештару хубтар фаъолият карда, вазифаҳои хизматии худро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Солҳои охир ба шарофати сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар раванди ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъат пайдо карда, дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооту биноҳои навсохти таъиноти гуногун ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар муддати ҳафт моҳ бо сифати баланд ва риояи унсурҳои муосири меъморӣ сохта шудааст.
Бинои навбунёд аз се ошиёна ва таҳхона иборат буда, барои 38 нафар кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Қубодиён шароити хуби фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Утоқҳои кори муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, аз ҷумла компютеру принтер ва дигар таҷҳизоти лозима барои дар сатҳу сифтаи баланд пеш бурдани фаъолияти заминсозон, имкон фароҳам меорад, ки мизоҷон аз хизматрасонии сатҳи баланди мутахассисони соҳа баҳраманд гардида, дар як муддати кӯтоҳ тавонанд мушкили худро дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва дуруст кардани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ҳал намоянд.
Саҳми кормандони Кумитаи замини ноҳия дар истифодаи босамари замин, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва дар ин замина дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул назаррас аст.
Дар ҳамин замина ба сатҳи касбияту кордонии мутахассисони соҳа низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои такмили ихтисоси мутахассисони ҷавону кордон чораандешӣ карда мешавад.
Дар ҳамин замина масъулин бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамалкат дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар истифодаи замин, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.