No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оғози сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

 18.08.2017, ноҳияи Панҷ

safar ba panjДар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ноҳияи Панҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд ва хушҳолии беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Панҷ нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 санги асос гузоштанд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои мактаб дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Мактаби мазкур бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи «Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна» сохта мешавад.

 Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

 Ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар ноҳияи Панҷ 2 гектарро дар бар гирифта, майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мурабаъ мебошад. Тибқи лоиҳа мактаб аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар мактаби нав тибқи лоиҳа ошхона барои 140 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 250 ҷой, толори варзишӣ бо ғунҷоиши 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои кампютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ бунёд гардида, корҳои сохтмони он пас аз ба имзо расидани созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оғоз мешавад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ имконияту шароити донишандӯзии хонандагон бештару беҳтар мегардад.

prezident.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/