No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

27.07.2017,  ноҳияи Балҷувон

Субҳи 27 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шудааст.

Истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

prezident.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/