No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд соҳаи боғдорӣ рушд кардааст

isfara

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд соҳаи боғдорӣ рушд кардааст ва меваҳои шаҳдбори Ифара на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар хориҷи мамлакат низ харидорони зиёд дорад.

Бо мақсади боз ҳам зиёд намудани майдони боғот ва бо ҳамин васила саҳм гузоштан дар тақвияти иқтидори содиротии мамлакат имрӯзҳо аз ҷониби масъулин ва аҳолии шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 15-ҳазор хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ мавҷуданд, ки хоҷагидорон асосан ба боғдорӣ машғул буда, ҳамчунин ғалла ва картошка низ кишт мекунанд. Натиҷаи меҳнати софдилонаи кишоварзони шаҳр аст, ки маҳсулоти мевагӣ ва кишоварзии мавриди ниёзи аввали бозорҳои ҷумҳурӣ  маҳсулои дасти аҳли заҳмати ин шаҳр аст. Айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 10 –ҳазор гектар боғҳои мевадиҳанда  мавҷуд буда, ҳосили онҳо дар баробари ворид анмудан ба бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешаванд.Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани соҳаи иқтисоди мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки хоҷагидорон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ба он талош мекунанд то ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда, дар баробари беҳсозии сатҳи зинадгии худ ҳамчунин дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳм гузоранд. Ҳамаи инро ба назар гирифта имрӯз сокинони шаҳри Исфара иқдом гирифтаанд то дар кӯҳдоманҳо ва заминҳои санглохи солҳо бекорхобида боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда  бунёд намоянд. Сокинони меҳнатқарини шаҳр танҳо соли ҷорӣ дар майдони 110 гектар чунин заминҳо боғ бунёд кардаанд. Чун ин заминҳо бештар санглоханд хок барои кушодани заминҳои нав барои бунёди боғ аз дигар маҳал оварда шудааст. Бо ҳамин усул хоҷадирони деҳоти Чоркӯҳи шаҳр дар майдони 14 гектар замини санглох 2 ҳазору 100 бех ниҳоли зардолу шинониданд. Ба гуфтаи хоҷагидорон ба бехи ҳар як ниҳоли шинонидашуда, 300 килограмми хок, ки аз дигар ҷо барои бунёди ин боғ оварда буданд рехтаанд.

Барои обёрӣ намудани заминҳо низ аз тадбирҳои муосир кор гирифта, бо тавсияи мутахассисон тариқи қубурҳои пластикӣ аз масофаи дур обро овардаанд. Барои он, ки об сарфакорона истифода шуда, ҳамзамон ниҳолҳои навшинонида хуб рушд кунанд усули қатрагии обмоӣ дар ин боғҳо ба роҳ монда шудааст. Ниҳоли дарахтон бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, барои таъмини сабзиши мӯътадили навниҳолон низ масъулин тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ кардаанд. Ин амали хоҷагидорони шаҳр баёнгари он аст, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дуруст истифода кардани замин ва гирифтани чанд ҳосил мавриди амал қарор дорад. 

"Сарзамин"

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/