No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёдкорӣ

Бунёдкорӣ 

Истифодаи босамари замин ва ба гарbogh dangaraдиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партову санглох ва талу теппаҳо ба он боис мегардад, ки дар баробари иҷро шудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату мамлакат инчунин ба боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат замина гузорад.

Ин тадбир дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мавриди амал қарор гирифт. Кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия дар якҷоягӣ бо кишоварзони кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» дар майдони се гектар замини санглохи ҳудуди ин кооператив ниҳоли дарахтони олу шинониданд.

Мавриди зикр аст, ки Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» дар заминҳои дарихтиёрдоштааш ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи асосан содиротӣ парвариш менамояд.

Масъулини хоҷагии мазкур ба он талош мекунанд, ки сол то сол майдони боғоти худро бо истифода аз заминҳои санглох ва бекорхобида зиёд намоянд. Ин аст, ки айни замон кишоварзони кооператив дар майдони 40 гектар замине, ки санглох буду, истифода намешуд бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ боғ бунёд намуданд.

Парвариш ва сабзиши мӯътадили ниҳолҳо низ дар мадди назари кишоварзон қарор дошта, дар ин замина тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Меваҳои лазизи Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ харидорони зиёд дорад, коркарди меваҳо ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани онҳо ба қиммати онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ин рӯ мутахассисони кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ин ҷониби масъаларо низ ба инобат гирифтаанд.

Боғҳои олу ва гелоси хоҷагии мазкур дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ инчунин ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешаванд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, талоши хоҷагидорон баҳри зиёд намудани майдони боғот ва ба ин васила ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобидаву санглох бо маром ҷараён дорад.

Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина ба роҳ монда шуда, боиси рушди иқтидори содиротии мамлакат хоҳад шуд. Ҳашарчиён бо риояи қоидаҳои агротехникӣ навниҳолонро шинонида, бо ин роҳ дар сарсабзу хуррам гардонидани ин гӯшаи Ватани маҳбуб саҳм гузоштанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/