No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон


Об барои рушди устувор


ob baroi rushd      
Тайи ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад ва дар ҳалли мушкилоти норасоии об ва беҳдошти экологӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва пешсаф шинохта шудааст.

Дар ин давра бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли «Оби тоза» солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон карда шуд.

Инак, бо назардошти муҳим будани масъалаи об дар курраи замин ва беҳдошти дастрасии аҳолӣ ба ин неъмати бебаҳои табиат пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт ва рӯзи 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи эълони даҳсолаи навро қабул намуд. Ба ин муносибат собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии СММ Питер Томсон ба унвонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуданд. Пан Ги Мун, ки дар замони қабули қатъномаи мазкур Дабири кулли ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ буд, таъкид дошт, ки «Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳает, 2005-2015" мусоидат менамояд». Ба гуфти коршиносон даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд. Кенза Робинсон, роҳбари механизми Созмони Милали Муттаҳид–Об дар як ҳамоиши сатҳи баланд бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки «Тӯли чанд соли охир Тоҷикистон ташаббускори асосии эълони қатъномаҳои СММ оид ба об мебошад. Симои Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои обӣ пазируфта шудааст, ки боиси шарафмандии мост».

Иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аст, ки бо афзун гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёт инсоният тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи хеш бори аввал ба норасоии шадиди оби нӯшокӣ дучор омад, ки нодида гирифтани он оқибатҳои ҳалокатовар дошта, хавфи заволи тамаддуни инсониро пеш меорад. 

 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/