No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИ ГУРУҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Имрӯз, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ – Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ин ноҳия роҷеъ ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки таҳлили пешакии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рудакӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бозгӯи он аст, ки дар ин давра низ сокинони ноҳия дар маҷмӯъ ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд.

Новобаста аз ин зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдошта саривақт бартараф карда шуда, дастовардҳо бояд боз ҳам зиёдтар гарданд.

Зикр гардид, ки қабл аз ҳама зарур аст, ки омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2023-2024 ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи соҳаҳо, махсусан соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба мавсими сармо захираи кофии ангишту ҳезум дошта бошанд ва биноҳо низ ба фасли зимистон пурра омода шаванд.

Дар баробари ин, зарур шуморида шуд, ки моҳияти муроҷиатномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба муштариёни неруи барқ аз 28 сентябри соли 2023 ба сокинони ноҳия ба таври зарурӣ фаҳмонида шуда, аз ҷорӣ гардидани лимити муваққатии нерӯи барқ бояд ҳаргуна овозаҳои беасосу нофаҳмиҳо пешгирӣ гардад.

Дар ин раванд таъсиси гурӯҳҳои тарғиботӣ низ муҳим шуморида шуда, қайд гардид, ки намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ дар амалӣ гардидани корҳои тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор намуд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҷамъоварии зироатҳои кишоварзиро вусъат бахшида, барои зимистонгузаронии чорво тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи мах-сус зоҳир карда шуда, барои бо сифати баланд иҷро намудани даъвати тирамоҳӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Дар охири мулоқот Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳори итминон намуд, ки роҳбарону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, татбиқи воқеии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои бо дастовардҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

IMG-20230929-WA0024

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/