No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

     Нишасти матбуотӣ

дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

01.02.2019, шаҳри Душанбе

DSC 9655Дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони воситаҳои ахбори кишвар ширкати фаъолона доштанд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Хоҷазода Ориф Ашурӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти кормандони соҳа дар соли 2018 иттилоъ дода, зикр намуданд,ки дар заминаи дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша ва барномаҳои корӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Дар ин замина, назорати истифодабарии замин дар ҳамаи субектҳои хоҷагидорӣ пурзӯр гардида, дар давраи ҳисоботӣ 4 056 гектар замин, аз он 2 264 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид   карда шудааст. Ҳамчунин назорати кишти воқеъии зироат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нишон дод, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар пахта кишт намуданд, ки нисбат ба дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар соли 2018  9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли 2017 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам мебошад. Бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 845 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот 3032 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 871 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар, набудани об барои обёрӣ 2319 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1725 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иброз доштанд, ки сол то сол кам гардидани ин нишондод онҳоро қаноатманд накарда, балки баръакс дар ин самт назорату фаъолият бо дигар мақомоти марбута пурзӯр гардонида мешавад.

Дар ин давра 14 858 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва ба маблағи 5 183 950 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудааст, ки аз ин миқдор маблағи 4 474 111 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 816 мавод ба прокуратура, 795 мавод барои ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 10 995 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, дар маҳал бартараф карда шудааст.

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 185 951 ададро ташкил медиҳад. Дар давоми соли сипаригашта бошад, 6803 адад хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода шудааст ва ин раванд дар соли 2019 вусъат меёбад.

Баъд аз натиҷагирӣ дар давраи ҳисоботӣ намояндагони воситаҳои ахбори кишвар оид ба пешгирии изофанависӣ дар кишти зироат ва ҳолатҳои коррупсионӣ, тақсими қитъаҳои заминхои наздиҳавлигӣ барои оилахои эхтиёчманд ва баланд бардоштани маърифати истифодабарии замин ба масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо суолҳо муроҷиат намуданд. Роҳбарияти Кумитаи давлати ба ҳар як пурсиши рӯзноманигору хабарнигорони расонаҳои итилоотӣ посух дода, онҳоро ба ҳамкории зич даъват намуданд.

DSC 9630

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/