Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи
замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлатзода Садриддин Хол 15 феврали соли 1961 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик буда, маълумоташ олӣ мебошад, ихтисосаш муҳандис-заминсоз, сиёсатшинос буда соли 1983 донишгоҳи ирригация ва механизацияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкандро хатм карда соли 1991 Донишгоҳи иҷтимоӣ-сиёсии шаҳри Екатеринбургро хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1978 – 1983 Донишҷӯи Донишгоҳи ирригация ва механизацияи хоҷаги қишлоқи шаҳри Тошканд
Солҳои 1983 – 1988 Котиби Кумитаи комсомолии совхози «Қирғизистон»-и ноҳияи Ильичи вилояти Хатлон
Солҳои 1988 – 1989 Муҳандис гидротехник Комплекси агросаноатии ноҳияи Ильичи вилояти Хатлон
Солҳои 1989 – 1990 Сармуҳандис-заминсози Комплекси агросаноатии ноҳияи Ильичи вилояти Хатлон
Солҳои 1990 – 1992 Шунавандаи Донишгоҳи иҷтимоӣ-сиёсии шаҳри Екатеринбург
Солҳои 1992 – 1995 Муҳандис – заминсози шуъбаи заминсозии институти лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз»
Солҳои 1995 – 1996 Сардори шуъбаи заминсозии Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон
Солҳои 1996 – 1999 Мутахассиси шуъбаи бозрасии замини Кумитаи заминистифодабарӣ ва заминсозии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1999 – 2002 Сардори раёсати назорати давлатии замини Кумитаи давлатии заминсозии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002 – 2005 Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон
Солҳои 2005 – 2006 Сардори Раёсати сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлати заминсози
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006 – 2007 Сардори шуъбаи фонди марказии Харитавии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва
харитасозии назди Ҳукумаати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007 – 2009 Директори Маркази Лоиҳаи кадастри замини минтақаи Ҳисор
Солҳои 2009 – 2010 Муовини Директори Лоиҳаи бақайдгирии системаи кадастри замин
Солҳои 2010 – 2015 Директори Марази кадастри замини минтақаи Вахш
Солҳои 2015 – 2016 Директори Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон
Аз апрели соли 2016 то ҳоло Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон